РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таркиши газ дар яке аз конҳои ангишт дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,
Хабари талафоти ҷонӣ ва осеб дидани шумораи зиёди мардум бар асари таркиши газ дар яке аз конҳои ангишт дар Ҷумҳурии Исломии Эрон боиси андуҳи амиқи мо гардид.

Бинобар ин мусибати гарон ба Шумо, мардуми дӯсти Эрон ва аҳли пайвандону наздикони фавтидагон маротиби ҳамдардӣ ва тасаллиёти ин ҷонибро иброз менамоям.

Аз даргоҳи Худованд барои ҷонбохтагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram