РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми XVII зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои узви ИДМ иштирок кард

Дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия Форуми XVII зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои узви ИДМ дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: арзишҳои умумӣ ва гуногунрангии фарҳангҳо» баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар кори Форум ходимони илм, фарҳанг ва маорифчиёни кишварҳои ИДМ, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони сохторҳои байнидавлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва эҷодӣ ширкат варзиданд.

Форум дар шакли ҷаласаи ифтитоҳӣ, мубоҳисаи умумии «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: арзишҳои умумӣ ва гуногунрангии фарҳангҳо», бахшҳои мубоҳисавии «Инноватсияҳои созанда ва анъанаҳои миллии фарҳанги кишварҳои Иттиҳод», «Илм ва маориф дар замони гузариш ба низоми рақамӣ дар ИДМ», «Ихтиёрӣ ҳамчун манбаи рушди ҷомеа: робита байни наслҳо», инчунин мизҳои мудаввар дар мавзуи «Оид ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «Ҳамкории донишгоҳҳои эҷодии кишварҳои иттиҳод», «Кино дар фазои Иттиҳод» ва «Санъати фарогири кишварҳои Иттиҳод» доир гардид.

Дар доираи Форум маросими тантанавии сарфарозгардонии барандагони Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои иттиҳод», супоридани Ҷоизаи байналмилалии «Нахуст иқдомҳо», муаррифии барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор гардид.

Дар Форуми мазкур аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ Амонулло Файзуллозода, сардори раёсати илм ва инноватсия Сироҷиддин Ниёзӣ ва сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Шарофиддин Асомиддинзода иштирок намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram