2-юми октябри соли 2024, соати 17.00 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров нахустнамоиши филми нави Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», бо номи «Ширин», ки бо коргардонии Умеда Турсунова таҳия ва омода шудааст, баргузор мегардад. Дар ин бора аз «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Филми ҳунарии кутоҳи “Ширин” муаллиф ва коргардон Умеда Турсунова он наворбардор Акмал Восидӣ, танзимгар Фарҳод Ғаффорпур, продюсер Маҳмадсаид Шоҳиён ва директори филм Содиқзода Кадафӣ мебошанд.
Дар таҳия ва наворбардории филм гурӯҳи эҷодию техникӣ ва ҳунарпешаҳои маъруфи Тоҷикистон ҷалб гардида, бо заҳмату талоши зиёде пурра омода карда шуд.
Амина Хафизова, Саид Муродов, Салоҳиддин Шукуров, Хайрина Окилшоева, Суҳробшоҳ Давлатзода дар филм нақш офаридаанд.
Филми ҳунарии кутоҳи “Ширин” дар жанри драмаи оилавӣ эҷод шуда, дар бораи ҳаёти оилавии Ширину Саид қисса мекунад. Ҳаёти орому осудаи оила пас аз рӯйдоде ба зиндагии пурихтилоф мубаддал мегардад. Дар гирудори зиндагӣ ба қаҳрамони асосии филм Ширин чеҳраи воқеии наздиконаш ҳувайдо мегардад. Муҳаббат ва тифли бегуноҳ сабагори наҷоти оила мегардад.
Ин нахустин филми коргардони ҷавон Умеда Турсунова буда, бо ин маҳсули эҷодаш ӯ ба олами синамо ворид мегардад.