РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

“ОЗАР”. Истаравшан «Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ» эълон шуд

1 октябри соли ҷорӣ дар доираи баргузории нахустин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ “Озар” Истаравшан расман “Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ” эълон гардид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар ин бора Президенти Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ ҷаноби Саад ал-Қаддомӣ ва 20 нафар узви Раёсати Шӯрои мазкур, ки 14 давлати дунёро намояндагӣ мекунанд, бо як овоз раъй доданд.

Дар маросими тантанавӣ, ки бо иштироки зиёда аз 1000 нафар меҳмонон, аз ҷумла наздик 250 нафар меҳмонон аз 19 кишвари дунё дар Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан доир шуд, Президенти Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ ҷаноби Саад ал-Қаддомӣ Сертификати “Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ” дар самти кордсозиро ба роҳбарияти шаҳри Истаравшан тақдим намуд ва Истаравшан дар як вақт ба узвияти Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ пазируфта шуд.

Дар ин маросим намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ низ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бояд таъкид кард, ки дар нахустин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 250 нафар ҳунарманд аз 19 давлат, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Федератсияи Россия, Штатҳои мутаҳидаи Америка, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Болгария, Шветсария, Сингапур, Тайланд, Малайзия, Австралия, Ҷумҳурии мардумии Хитой, Зеландияи нав, Кувейт ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Аъзои Раёсати Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандӣ, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, корпусҳои дипломатӣ, аҳли зиё ва собиқадорону ҳунармандони номии кишвар бо намоиши байналмилалии ҳунармандон шинос шуда, ба ҳунари волои онҳо баҳои баланд доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram