Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» доир мегардад, ки дар он гирандагони Шоҳҷоиза ва ҷойҳои ифтихорӣ муайян маегарданд.
Ҳамчунин дар назар аст, ки дар ҷамъомад аз ҷониби ғолибони озмун беҳтарин суруду оҳанг иҷро мегардад. Инчунин ба устодоне, ки шогирдони онҳо дар озмун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб шудаанд, 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва Ифтихорнома тақдим мегардад.
Озмун давоми шаш сол аст, ки бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад. Озмун ҳамчунин ба тарғиби санъати асил, боз ҳам ғанитар гардонидани фазои маънавии ҷомеаи муосир ва таҳкими унсури дунявии фарҳанги миллии тоҷик равона гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки маблағи умумӣ барои пардохти маблағи мукофоти ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 3 785 000 (се миллиону ҳафсаду ҳаштодупанҷ ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.