РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор шуд

Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Дар оғози суҳбат Президенти Русия Владимир Путин Сарвари давлати моро бо зодрӯзашон самимона табрик гуфта, таманниёти неки худро иброз намуданд.

Бо изҳори миннатдорӣ барои табрикоти гарму самимӣ, Пешвои миллат таъкид карданд, ки таманниёти неки ӯро ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб медонанд.

Дар идомаи суҳбат Сарони давлатҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои байнидавлатии ду кишварро, ки дар асоси усулҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ сурат мегиранд, мавриди изҳори назар қарор доданд.

Дар робита ба ин Пешвои миллат итминони хешро ба он таъкид карданд, ки ҷонибҳо бо саъю талошҳои муштараки минбаъда пешбурди муносибатҳои ҳамкориро ба нафъи мардумони ду кишвари ба ҳам дӯст таъмин хоҳанд кард.

Сарони ду давлат, ҳамчунин, оид ба мавзӯъҳои тамосҳо ва мулоқотҳои сатҳи олии дарпешистода табодули афкор намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram