РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ба муносибати зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд

Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Аз самими қалб Шуморо бо зодрӯзатон табрик мегӯям.

Шумо, барҳақ, ҳам дар байни ҳамватанон ва ҳам дар арсаи ҷаҳонӣ эҳтироми баланд доред. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоӣ бо муваффақият пеш рафта, дар сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳиму созанда дорад.

Дар Россия кӯшишҳои пайвастаи Шуморо, ки ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ байни давлатҳоямон, инчунин, ба пешбурди равобити  барои ҷонибҳо судманд дар доираи СААД, ИДМ ва СҲШ равона шудаанд, қадр менамоянд.

Дар остонаи вохӯрии мо, ки рӯзҳои наздик дар Москва баргузор мешавад, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, таманниёти самимонаи саломатии бардавом, рифоҳ ва комёбиҳои навро дар фаъолияти давлатӣ изҳор менамоям.

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

*****

Муҳтарам ҷаноби Президент:

Ба муносибати зодрӯзатон, иҷозат диҳед ба Шумо табрикоти самимӣ ва орзуҳои беҳтарини худро иброз намоям.

Аввали моҳи июли соли равон ман ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари муваффақонаи давлатӣ анҷом додам, бо Шумо гуфтушунидҳои судманду пурсамар доир намудем, , оид ба рушди равобити ҳамкории ҳамаҷониба ва шарикии стратегии Чин ва Тоҷикистон дар давраи нав муштаракан тасмим гирифем, дар робита ба   ташаккули Ҷомеаи сарнавишти ягонаи Чин ва Тоҷикистон дар нуқтаи оғози нав ба мувофиқа расидем ва инчунин нақшаи бузургеро барои рушди минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷониба тартиб додем.

Ман рушди муносибатҳои Чин ва Тоҷикистонро баланд қадр мекунам, дӯстии амиқи байни моро азиз медонам,  омодаам, ки дар якҷоягӣ бо Шумо саъй намоям, то ҳамкории ҳамаҷонибаи байни давлатҳоямонро ба сатҳи нав бардорем ва ба шукуфоии муштараки Чин ва Тоҷикистон такони нав бахшем.

Ба Шумо саломатии комил, рифоҳ ва дар кори масъулиятнок ва олиатон дастовардҳои бузург таманно дорам.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

*****

Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Бародари гиромӣ,

Бо камоли хушҳолӣ  Ҷаноби Олиро ба муносибати зодрӯзатон табрик гуфта, таманниёти беҳтарини худро ба Шумо мерасонам.

Мо Шуморо ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ ва сиёсатмадори ботаҷрибае мешиносем, ки сазовори эҳтиром ва эътирофи баланди халқи худ гардида, истиқлолияти давлатро таъмин намудааст ва дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, инчунин таҳкими нуфуз ва эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Бо қаноатмандии хосса мехоҳам таъкид  намоям, ки ба шарофати иродаи қавии сиёсии тарафайн муносибатҳои мо бо Тоҷикистон, ки аз қадимулаём дӯсти наздик ва ҳамсояи неки мо аст, дар солҳои охир ба сатҳи олӣ расонида шуда,  имконият ва иқтидори мавҷудаи моро ба пуррагӣ фаро мегиранд.

Муболиға нахоҳад шуд, агар гуям, ки вохӯриҳои судманд дар ҷараёни сафари давлатии имсола ба Тоҷикистон,  тавофуқҳои дар самтҳои муҳими робитаҳои ҳамаҷониба ва дарозмуддати мо бадастомада, имзои Шартнома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ  марҳилаи нави шарикии дуҷонибаро  боз намуданд.

Бешубҳа, ба шарофати саъю кушиш ва талошҳои муштарак  мо ба таҳкими боз ҳам бештари  муносибатҳои гуногунҷанба  ва барои ҷонибҳо судманд ба нафъи шукуфоии умумӣ  ва баланд бардоштани сатҳи  некуаҳволии ду миллати ба ҳам  дӯсту бародар  ноил мегардем.

Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, бори дигар Шуморо бо ин рӯзи фараҳбахшу фаромӯшнашаванда дар ҳаёти Шумо самимона табрику таҳният гуфта, ба Шумо саломатии бардавом, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти пурмасъули  давлатиатон комёбиҳои нав ва ба халқи бародари Тоҷикистон сулҳу субот ва пешрафти доимӣ мехоҳам.

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон  Шавкат Мирзиёев

*****

Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Табрикоти самимӣ ва таманниёти неки маро ба муносибати зодрӯзатон қабул фармоед.

Дастовардҳои дурахшони Тоҷикистони бародар дар самти навсозии сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ, инчунин, нуфузи баланди давлат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ном ва фаъолияти созандаи Шумо ҳамчун Сарвари давлат робитаи ногусастанӣ доранд.

Итминони комил дорам, ки давлатдории эҷодкардаи Шумо дар оянда низ такягоҳи мустаҳками рушди устувор ва пешрафти минбаъдаи давлати Шумо хоҳад буд.

Дар Қазоқистон Шуморо ҳамчун арбоби барҷастаи давлатии миқёси байналмилалӣ, дӯсти боэътимоде, ки дар рушди муносибатҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон саҳми таърихӣ гузоштааст, эҳтиром мекунанд.

Ман ба дӯстии моро баланд қадрдонӣ намуда, рағбати устуворонаи инҷонибро ба таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкории байнидавлатӣ дар руҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ тасдиқ мекунам.

Дар ин рӯзи тантанавӣ, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба Шумо дар фаъолияти сермасъулатон неруи бепоён ва комёбиҳои нав ба нафъи мардуми бародари Тоҷикистон орзумандам.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

*****

Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Ба муносибати ҷашни зодрӯзатон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини маро қабул фармоед!

Комёбиҳои бузург, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии Тоҷикистон ба даст омадаанд, дастовардҳои назаррас дар рушди иқтисодии кишвар ва таҳкими обрӯ ва эътибори он дар арсаи ҷаҳонӣ бо номи Шумо алоқамандии ногусастанӣ доранд.

Мехоҳам ба Шумо барои нақши бузурги шахсӣ ва таваҷҷуҳи  амиқатон ба  таҳкиму рушди муносибатҳои дуҷонибаи Туркманистон ва Тоҷикистон  изҳори миннатдорӣ намоям. Итминони комил дорам, ки муносибатҳои бародаронаи Туркманистон ва Тоҷикистон бо саъю талошҳои муштараки мо дар оянда низ ба нафъи мардумонамон рушду таҳким  хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз ин имконияти  фараҳбахш  ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, аз самими қалб саломатии бардавом, хушбахтӣ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон барору комёбиҳо таманно менамоям.

Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов

*****

Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини маро ба муносибати зодрӯзатон қабул фармоед!

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Шумо ба комёбиҳои бузург даст ёфта, нуфузу эътибори худро дар арсаи байналмилалӣ устуворона мустаҳкам менамояд.

Вохӯриҳои охири мо дар Душанбе ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ байни халқҳои бародарамон ва таъмиқи ҳамкории ду давлат дар соҳаҳои гуногун такони қавӣ бахшиданд.

Мо омодаем ба ҳамкориҳои минбаъда идома диҳем ва аз пешниҳодҳою ташаббусҳо оид ба густариши ҳамкорӣ байни Туркманистон ва Тоҷикистон ҷонибдорӣ менамоем.

Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, аз самими қалб саломатии бардавом, рифоҳи хонаводагӣ ва саодатмандӣ, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳ ва пешрафту шукуфоӣ таманно дорам.

 Пешвои миллии мардуми туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов

*****

Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Табрикоти самимии маро ба муносибати зодрӯзатон қабул фармоед.

Сиёсати давлатие, ки Шумо пеш мебаред, ба рушди иқтисодию  иҷтимоии  кишваратон, болоравии некӯаҳволии мардум ва таҳкими нуфузи Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Итминон дорам, ки муносибатҳо байни давлатҳои мо дар руҳияи эътимоди ҳамдигар, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек таҳким ва рушд хоҳанд ёфт.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, дар фаъолияти давлатиатон муваффақияту  комёбӣ ва  ба мардуми Тоҷикистон сулҳу субот ва пешрафт  таманно дорам.

Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон

*****

Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Табрикоти ниҳоят самимӣ ва таманниёти неки маро ба муносибати зодрӯзатон қабул намоед.

Тоҷикистони бародар зери роҳбарии хирадмандонаи Шумо бо роҳи устувору мутавозини тараққиёт пеш рафта, дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва татбиқи дигаргуниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ба комёбиҳои назаррас  даст ёфтааст. Фаъолияти пайвастаи Шумо дар вазифаи олии давлатӣ, ки дар тамоми соҳаҳо саршор аз дастовардҳо аст, ба Шумо ҳам дар давлати худ ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ  обрӯю эътибори зиёд овардааст.

Мехоҳам, хосатан, аз саҳми шахсии Шумо дар рушди муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Озарбойҷон ва Тоҷикистон, ки бар анъанаҳои таърихии дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии мардумони бародари мо асос ёфтаанд,  ёдовар шавам.

Ман ба муносибатҳои наздики шахсиямон аҳамияти махсус зоҳир намуда, хусусияти боэътимоди мулоқоту суҳбатҳоямонро баланд қадр мекунам. Сафари давлатии Шуморо дар моҳи майи соли равон ба Озарбойҷон, ки ба марҳилаи нави ба ҳам наздик шудани мамлакатҳои бародари мо асос гузошта буд, бо самимият ба ёд меорам. Итминон дорам, ки тавофуқоти муҳими дар доираи ин сафар ҳосилшуда ва санадҳои баимзорасида, аз ҷумла Эъломия дар бораи шарикии стратегӣ ба ҳамкории гуногунҷанба миёни кишварҳои мо такони тоза мебахшанд.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб, мехоҳам омодагии қатъии инҷонибро ҷиҳати таҳкими ҳамаҷониба ва тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегӣ байни Озарбойҷон ва Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Шумо таъкид намуда, дар ин ҷода тамоми саъю кӯшишҳои заруриро ба харҷ диҳем.

Дар ин рӯзи фархунда ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, рафоҳат ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон ба нафъи мардуми бародари Тоҷикистон комёбиҳо таманно дорам.

Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон

*****

Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Ба муносибати зодрӯзатон табрикоти самимӣ ва гарму ҷӯшони маро қабул фармоед.

Дӯстии бисёрсолаи мо, ки ба боварии номаҳдуд ва эҳтироми амиқ асос ёфтааст, барои ман арзиши бебаҳо дорад.

Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва мутавозин, таҷрибаи ғании идоракунӣ ва дурандешии сиёсии Шумо Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақона рушд намуда, нуфузу эътибори худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким мебахшад. Итминон дорам, ки меҳнати фидокоронаи Шумо ба нафъи мамлакат минбаъд низ ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандони он ва ҳифзи сулҳу оромиш дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.

Омодагии инҷонибро барои идомаи кори муштараки зич ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи шарикии гуногунҷанба ва дарозмуддати стратегии Беларус ва Тоҷикистон, ки асоси онро наздикии таърихии ду халқ ташкил медиҳад, тасдиқ мекунам.

Аз самими қалб ба Шумо, Эмомалӣ Шариповичи гиромӣ, саломатии бардавом, нерую тавоноӣ барои амалӣ гардонидани тамоми нақшаву ташаббусҳоятон ва ба аҳли оила ва наздиконатон хушбахтиву саодатмандӣ орзумандам.

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

*****

Муҳтарам Президент, Дусти азизам,

Зодрӯзи Ҷаноби Олиро шахсан аз номи худ ва аз номи мардуми Туркия аз таҳти дил табрик намуда, бароятон умри дарози босубот дар канори наздиконатон орзумандам.

Боиси хушҳолист, ки равобити Туркия ва Тоҷикистон, ки аз мероси муштараки фарҳангиву таърихии мо маншаъ мегиранд, рӯз то рӯз рушд ёфта истодаанд.

Бо матонату рағбати том хоҳони идомаи ҳамкориҳои наздики байни ду кишвар дар заминаҳои ҳам дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба ҳастам.

Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба Ҷаноби Олй беҳтарин таманниёти хешро ҷиҳати некӯаҳволӣ ва шодкомиву шукуфоии мардуми дӯсти Тоҷикистон иброз менамоям.

Реҷеп Тайип Эрдоган Президенти Туркия

*****

Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Табрикоти маро ба муносибати рӯзи зодрӯзатон қабул намоед !

Меҳнатдӯстӣ, сифатҳои шахсӣ ва таҷрибаи ғании сиёсии Шумо ба рушди минбаъдаи Тоҷикистон ва баланд бардоштани нуфузи давлати Шумо дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд.

Ба ин муносибат орзумандам, ки кишваратон таҳти роҳбарии Шумо минбаъд низ фаъолона рушд кунад ва ба ҳадафҳои бузург ноил гардад. Ман ҳамеша ҳама вохӯриҳо ва суҳбатҳои худро бо Шумо бо эҳсосоти нек ба ёд меорам.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, неруи бепоён, ба аҳли хонаводаатон файзу баракот, дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон барору комёбиҳо ва ба мардуми бародари Тоҷикистон саодатмандӣ ва ваҳдат таманно дорам.

Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

*****

Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои ман шарафи бузург ва мояи хушнудӣ аст, ки ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ба муносибати зодрӯзатон табрикоти самимӣ ва орзӯҳои беҳтарини худро баён намоям. Ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом ва хушбахтӣ, инчунин, ба Ҳукумат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафт ва шукуфоӣ таманно дорам.

Табрикот ва уадрдонии самимии маро қабул фармоед.

Мансур бин Зойид оли Наҳён, Ноиби Президент-Муовини Сарвазир, Роҳбари Дастгоҳи Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб

*****

«Муҳтарам Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати ҷашни зодрӯзатон табрикоти самимию сидқии маро қабул фармоед.

Мақому нуфузи бечунучарои сиёсӣ, хирадмандӣ,  матонати устувор ва воқеиятбинии стратегии Шумо дар баробари дастгирӣ ва  боварии бепоёни мардуми шарифи тоҷик ба фардо муваффақияти таҳаввулоти созандаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиро    ба нафъи таҳкими давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини суботи кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми онро  таъмин менамоянд.

Итминони комил  дорам, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии дурандешонаи Шумо, ки ба садоқати беандоза барои хизмат ба Ватан асос ёфтааст, роҳи рушди устувор ва афзояндаи худро идома медиҳад.

Саҳми Шумо дар таъмиқ ва густариши ҳамкориҳо дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай беандоза бузург буда, ташаббусҳои пешқадам ва ғояҳои созандаи Шумо дар таъмини амният ва рушди пайвастаи минтақа мо дар асоси усулҳои устувори «Руҳи Шанхай» нақши муҳим доранд.

Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Президент, саломатии бардавом ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон муваффақиятҳои минбаъда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми  бародари он сулҳу рифоҳ ва  шукуфоӣ орзумандам!»

Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин

*****

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Таманниёти  нек ва табрикоти  самимии маро ба муносибати ҷашни зодрӯзатон қабул фармоед. Тоҷикистон бо  роҳбарии Шумо дар  роҳи рушди  босубот  устуворона  пеш рафта, иқтидори низомиву сиёсӣ ва иқтисодию  иҷтимоии  худро пайваста тақвият мебахшад ва дар арсаи байналмилалӣ ба таври воқеӣ мақоми бонуфузро касб намудааст.

Ба Шумо барои таваҷҷуҳи доимӣ ба фаъолияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва дастгирии тағйирнопазири он ба ҳайси василаи фаъоли таъмини сулҳу субот дар қаламрави масъулияти созмон самимона изҳори миннатдорӣ менамоям.

Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, саломатии бардавом, муваффақият  ва дар фаъолияти бисёрҷанбаи давлатиатон  ба нафъи мардуми  тоҷик комёбиҳои нав орзумандам!

Котиби генералии СААД  Имангали Тасмагамбетов

Воридшавии номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram