Имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси Вазорати адлия ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи мақомоти адлия таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 33 соли соҳибистиқлолӣ-дастовард ва дурнамо» доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати адлия хабар доданд.
Қабл аз оғози ҳамоиш иштирокдорон аз дастовардҳои ҷавонони мақомоти адлия дар самти омодасозӣ ва таҳияи китобҳо дар самти амалӣ намудани сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самти варзиш ва фарҳанг дидан намуданд. Ҳамзамон зимни муаррифӣ аз муваффақиятҳои Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлия, ки ҳадафи асосии фаъолияти он дар амалӣ намудани сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарғиботи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии аҳолӣ, омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳои баландихтисос, ташкил ва баргузор намудани курсҳои такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо бо назардошти назария ва амалия хеле муассир аст маълумот дода шуд.
Дар ҳамоиш Муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода иброз намуд, ки имрӯз ҷавонони хушиқболи замони соҳибистиқлолии мамлакат ба хубӣ дарк менамоянд, ки заҳмату талош ва иқдоми созандаи Пешвои миллат маҳз ба таъмини зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва рушди босуботи мамлакат равона гардидаанд. «Ҷавонон чун неруи созанда ва пуриқтидори ҷомеа метавонанд барои амалӣ намудани нақшаҳои муҳим ва дурнамои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла пешрафти соҳаҳои мухталифи мамлакат саҳми босазо гузоранд»,-баён дошт муовини якуми вазир.
Ба андешаи Нигина Ализода андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса ва ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Дар тӯли 33 соли Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат дигаргуниҳои куллӣ дар тамоми самтҳо сиёсат, иқтисодиёт, иҷимоиёт ва фарҳангу маънавиёт ба амал омадаанд, ки мардумро ба дӯстиву рафоқат, хештаншиносиву худогоҳӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ мекунад. Дар ин ҷода ҳиссаи ҷавонон хеле назаррас буда, ҷавонони мамлакати тозаистиқлол ба ҳайси роҳбар, сиёсатмадор, вакили мардумӣ, ҳуқуқшинос, табиб, мураббӣ, муҳандису технолог дар тамоми соҳаҳо фаъолият карда дар рушди нумӯи ватани азизамон саҳми босазо гузошта истодаанд.
Таъкид гардид, ки дар қатори дигар мақомотҳову идораҳои давлатӣ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сиёсати кадрии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои зиёди ҷавонро тарбия карда имрӯз аз сиёсати пешгирифта ва кордонии ҷавонони адлия истиқбол мегирад.
Дар фарҷоми сухан Муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода иброз дошт, ки изҳори боварӣ менамоям, ки Шумоён ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро амиқ эҳсос намуда, дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо аз гузашта бештар ва аз имрӯза хубтар бо руҳияи баланду болида ва ифтихору қадрдонӣ (аз истиқлолияти комил ва ваҳдати миллӣ) кӯшишу ғайрат намуда, баҳри пешрафти Тоҷикистони азизамон ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани миллати куҳанбунёд, соҳибтамаддун ва фарҳангдӯст камари ҳиммат баста, саҳми арзанда мегузоред.
Муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода изҳор дошт, ки дар замони имрӯза вазъияти ҷомеаи ҷаҳонӣ бисёр пурпечутоб буда, аз ҳар ҷавони худогоҳу ватандӯст зиракии сиёсӣ талаб мекунад. Ба қадри сулҳу субот ва осоиштагӣ бояд расид ва ҳамеша барои ҳифзи он тамоми саъю кӯшишро равона кард.
«Ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат ҷавононро мебояд дар марҳилаи имрӯзаи давлатдорию давлатсозӣ бо илму дониши қавӣ, ақлу заковати зеҳнӣ, истеъдоду малакаи фитрӣ, маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, қобилияту ташаббусҳои наҷиб, иқдоми бунёдкорона, касбу ҳунари воло, дарки баланди масъулияти инсонӣ ва ватандӯстиву хештаншиносӣ барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат саҳми арзишманд гузоранд»,-афзуд Шабнам Раҳимзода.
Иброз гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо талошу дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баръало эҳсос мегардад. Ҷавонон имрӯз соҳиби саводи баланд, касбу кори гуногун буда, дар пешрафти илму техника, ихтироъкориву навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд. Онҳо дар озмуну мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, Парчами давлатиро баланд мебардоранд, ки шоистаи таҳсину офарин аст.
Дар ҳамоиши мазкур як зумра аз ҷавонони фаъоли мақомоти адлия аз ҷумла Сайфидинзода Гулафзо, Ҳакимиён Сарвина ва Валиев Саидраҳмон суханронӣ намуда, ҷавононро ба ватандӯстиву хештаншиносӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пос доштани ҳар як ваҷаб хоки ин сарзамини аҷдодӣ даъват намуданд.
Дар хотима аз ҷониби муовини якуми вазири адлия ва муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор ҷавонони фаъолу муваффақ сипоснома тақдим гардид.