РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф ва Сарвазири Шўрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсиян мулоқот намуд

15-уми октябр дар доираи ҷаласаи 23-юми Шўрои сарони ҳукуматҳо сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Исломобод Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Шаҳбоз Шариф бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода мулоқот намуд.


Гуфта шуд, ки ҳамкориҳо байни ду давлат ҳам дар доираи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба аз ҷумла дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай марҳила ба марҳила рушд мекунанд.
Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Шаҳбоз Шариф Тоҷикистонро яке аз давлатҳои шарики асосии худ дар минтақа арзёбӣ намуда, барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат, ва фарҳангию маърифатӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид дошт, ки барои ноил гардидан ба нақшаҳои пешбинишуда байни ҳарду давлат имконияти фаровон мавҷуд аст.
Ҳамчунин 15-уми октябр дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқоти Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шўрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян доир гардид.
Зимни мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва фарҳангу иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва роҳу нақлиёт аз ҷумлаи муҳимтарин самтҳои ҳамкории ду кишвар арзёбӣ гардид.
Аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои бузурги роҳсозӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисиони Чин низ ёдоварӣ карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram