Имрӯз ҳайати бонуфузи иштирокчиёни Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» дар доираи баргузории нишасти матбуотӣ аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ боздид ба амал оварданд. Дар ин бора аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд.
Меҳмононро директори Осорхони миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмасаид Шоҳиён ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд.
Ба меҳмонон аз ҷониби роҳбаладони Осорхонаи миллӣ сайрҳои осорхонавӣ баргузор карда шуд. Ҳамин тариқ, меҳмонон бо тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги тоҷикон аз наздик шинос шуданд.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик (16 октябр) аз 15 то 18 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Қадршиносии ҳунари асил» Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» баргузор мегардад.
Дар назар аст, ки дар доираи ин синамоҷоиза, Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Беларус ва Федератсияи Русия, Форуми байналмилалӣ бахшида ба 95-солагии Тоҳир Собиров, Питчинги байналмилалии лоиҳаҳои синамоӣ, дарсҳои «Устод ва шогирд» ва Шурои директорони киностудияҳо баргузор гарданд.