РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Хатлон Фестивали бозиҳои варзишӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии вилоят баргузор гардид

Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастурҳо аз ҷаласаи васеи Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки бо раисони вилоятҳо ва масъулини соҳаи варзиш санаи 3 ноябри соли 2024 дошта буданд, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар Маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара Фестивали бозиҳои варзишӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии вилоят баргузор гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Фестивал аз рӯи намудҳои гӯштини миллӣ, варзиши сабук, волейбол, футбол ва шоҳмот гузаронида шуд.

Дар расми ифтитоҳи Фестивали бозиҳои варзишӣ муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат иштирок намуд.

Зимни суханронии худ муовини раиси вилояти Хатлон иброз дошт, ки баргузории чунин фестивалҳо баҳри мустаҳакам намудани дӯстии ҷавонон муносиб буда, аз ҷониби дигар дар пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб нақши созгор хоҳад гузошт.

Дастовардҳои варзишгарони вилоятро Абдусаломзода Анзурат аз шароити муносиби муассисаҳои варзишӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат маънидод намуд.

Ёдовар бояд гардид, ки дар вилояти Хатлон гурӯҳҳои варзишӣ аз 7 донишгоҳу донишкадаҳои олии вилоят иштирок карда, дар намудҳои гуногуни варзиш маҳорати баланд нишон доданд.

Фестивали мазкур баҳри дарёфти варзишгарони касбӣ ва ташкил кардани дастаи мунтахаб аз ҳисоби донишҷӯён роҳандозӣ гардидааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram