РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Турсунзода Маркази ташхисию табобатии «Ҳафиза» ба истифода дода шуд

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар шаҳри мазкур Маркази ташхисию табобатии «Ҳафиза» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, иншооти навбунёди тандурустӣ аз 33 утоқи корӣ иборат буда, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он 33 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд.

Зимни боздид меҳмонон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароиту имконоти дар он муҳайёгардида баҳои баланд дошта, роҳбарият ва кормандони маркази мазкурро барои ифтитоҳи чунин иншооти хуштарҳу замонавӣ табрик гуфтанд.

Дар ин замина, аз кормандони Маркази ташхисию табобатии Ҳафиза даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз чунин имкониятҳои фароҳам овардашуда тамоми кӯшиш ва талоши хешро баҳри таъмини солимии аҳолӣ равона созанд.

Иншооти навбунёд аз шуъбаҳои қабулгоҳ, ултрасадо, дандонпизишк, озмоишгоҳ, гинекология, физиотерапия ва ғайра иборат, буда, дорои 66 кати табобатӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки ин маркази ташхисию табобатӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар самти боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҷидов Зикрулло сохта ба истифода дода шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram