РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо мудири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ вохӯрӣ намуд

14 октябр  дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар доираи баргузории ҷаласаи сатҳи баланд оид ба муаррифии  даври сармоягузории Созмони  ҷаҳонии тандурустӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо мудири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ доктор Тедрос Адханом Гебрейесус вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳам дар саросари ҷаҳон ва ҳам дар доираи минтақаи аврупоӣ барои татбиқи Барномаи сенздаҳуми умумии кор барои солҳои 2019-2023 саъй менамояд.

Ҳамзамон дар бахши тандурустӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор саҳм мегузорад.

Тоҷикистон чанд сол қабл намунаи муборизаи муваффақона бо пандемияи коронавирус ва аҳамияти ҳамкорӣ бо шарикони рушдро нишон дод.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram