24 октябри соли 2024 дар ҳошияи таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Конститутсия – бахтномаи миллат, калиди маърифат ва ташаккули фaзoи зиддикоррупсионии ҷомеа» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.
Дар конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва олимону омӯзгорон иштирок менамоянд.
Конференсия соати 14:00 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино доир карда мешавад.