Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат аз 23 то 27 октябри соли 2024 ҳавои номусоид дар назар аст. Дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво паст шуда, эҳтимоли боридани борон ва барф дар баландиҳои беш аз 2000 метр вуҷуд дорад.
Дар фасли тирамоҳ одатан ҳаво тағйирёбандаву номусоид шуда, одамон барои гарм кардани хонаҳо аз воситаҳои имконпазир бештар истифода менамоянд. Бар асари бориши зиёд, хавфи сар задани сӯхтор ба миён омада, садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ афзоиш меёбад.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони мамлакат чанд тавсия пешниҳод менамояд.
Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад, ки пеш аз ҳама, дар истифодаи асбоби барқӣ эҳтиёткор бошанд ва ба таъмини бехтарӣ аз сӯхтор эътибори ҷиддӣ диҳанд. Аксар ҳолатҳои сӯхтор бар асари дуруст риоя накардани қоидаҳои истифодаи таҷҳизоти барқӣ ба вуҷуд меоянд. Нафароне, ки хонаҳояшон ба системаи гармидиҳӣ пайваст нест, бояд эҳтиёткор бошанд, зеро агар шумо дар хона якбора чанд асбоби гармидиҳандаи барқӣ истифода кунед, он метавонад боиси халал дар хати интиқоли барқ шавад. Бахусус асбоби дастсохти барқӣ хеле хатарнок ҳастанд. Аз ин рӯ аз онҳо истифода набаред.
Нафароне, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд, қоидаҳои зарурии истифодаи маводи сӯхт, аз ҷумла ангиштсангро бояд риоя намоянд. Пеш аз он ки ба бухорӣ алов монед, қисмати дудбарои бухориро нағз тоза кунед.
Нафароне, ки дар фасли тирамоҳ шикор мекунанд ва ё ба моҳигирӣ мераванд, бояд эҳтиёт кунанд. Пеш аз сафар ба макони шикору моҳидорӣ наздиконатонро огоҳ кунед ва бо худ телефони мобилӣ бигиред, то онҳо донанд, ки шумо ба куҷо меравед.
Ба сокинони наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ тавсия дода мешавад, ки ҳамеша аз хабару тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон дар бораи тағйирёбии обу ҳаво ва боридани барфу борон хабардор бошанд, зеро хатар дар ин минтақаҳо зиёд аст. Дар чунин рӯзҳо ҳаргиз кӯдаконро ба чорвочаронӣ ва ҷамъоварии ҳезум равон накунед.
Бориши барфу борон роҳҳоро мушкилгузару хатарнок мекунад ва он метавонад сабаби афзоиши ҳодисаҳои фоҷеабори нақлиётӣ ва харобу валангор шудани мошинҳо шавад. Дар ин мавсими сол бояд ҳам ронандагон ва ҳам пиёдагардон эҳтиёткор бошанд.
Ронандагон вақте дар чунин рӯзҳои боронӣ аз тариқи роҳҳои кӯҳиву назидкӯҳӣ сафар мекунанд ё аз ағбаҳо мегузаранд, бояд ҳамеша шароити ҳавои номусоидро ба инобат гиранд. Мошини худро барои ҳаракат дар чунин шароит омода созанд ва қоидаҳои бехатариро ба таври ҷиддӣ риоя намоянд.
Дар ҳолати пеш омадани ягон ҳодисаи фавқулода ба рақамҳои 221-13-31 ва 93 880 28 19 занг занед.
Ҳамчунин барои донистани он ки дар ҳолатҳои гуногуни фавқулода чӣ бояд кард, аз замимаи мобилии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ- «SOS» истифода баред.