Дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайати намояндагони соҳаи кор бо ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи Шурои кор бо ҷавонони давлатҳои ин иттиҳод доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Пеш аз оғози ҷаласа ҳайати иштирокчиён гӯшаи намоишгоҳи дастовардҳои эҷодӣ ва илмиву техникии ҷавонони тоҷикро тамошо намуданд.
Зимни ҷаласа Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро неруи тавоною созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад. Ҳамзамон ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф намудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи кадрҳои ҷавон барои ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи мутахассисони ҷавон ва беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоиву иқтисодии онҳо пайваста кӯшиш дорад. Дар ин росто, амаӣ намудани ҳамкорӣ барои рушди зеҳнии ҷавонон, ҷалби онҳо ба илм ва азхудкунии техникаву технологияҳои муосир яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад.
Дар ҷаласа масъалаҳои беҳтар намудани сиёсати кор бо ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва амалӣ намудани ҳамкории мутақобили судманд бо созмону ташкилоти ҷавонони ин иттиҳод мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Шурои кор бо ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 29 то 31 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе доир шуда, дар он намояндагони созмонҳои ҷавонон аз давлатҳои иттиҳод масъалаҳои муҳими рушди сиёсати ҷавонон, табодули таҷриба ва таҳкими робитаҳои фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Иштирокчиёни ҷаласаи Шурои кор бо ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар оянда байни ҳам табодули афкор намуда, барои идомаи ҳамкорӣ дар доираи соҳаи кор бо ҷавонон бо