РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Хатлон Форуми занони ҳуқуқшинос баргузор гардид

Бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таҳти унвони «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ ва маърифати ҳуқуқӣ» Форуми занони ҳуқуқшинос баргузор гардид. Дар ин хусус аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Иброз гардид, ки масъалаи дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон дар сиёсати иҷтимоии давлат мақоми махсус дошта, дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои назаррас татбиқ карда шуданд.

Таъкид гардид, ки қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» қадами ҷиддӣ бобати фароҳам овардани замина ва шароити зарурӣ барои пурра зоҳир намудани қобилияти занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва ба ин васила таъмини рушди устувори ҷомеа мебошад.

Дар вилояти Хатлон қариб 14 ҳазор зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд, ки нақши онҳо дар пешбурди сиёсати имрӯзаи мамлакат арзанда дониста мешавад.

Дар анҷоми форум ба занони фаъоли ҳуқуқшинос Сипоснома тақдим гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram