РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Русия оид ба Долони содакардашудаи гумрукӣ созишнома ба имзо расид

Байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия Созишнома оид ба ташкили тартиби содакардашудаи анҷом додани амалиёти гумрукӣ ҳангоми интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия («Долони содакардашудаи гумрукӣ) ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Созишнома дар доираи Форуми байналмилалии гумрукӣ – 2024, ки 29-30 октябри соли 2024 дар пойтахти Русия-шаҳри Москва баргузор гардид, имзо шуд.

Дар Форуми байналмилалии гумрукӣ – 2024 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Хуршед Каримзода иштирок намуд.

Форум аз чониби Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия ҳамасола ташкил шуда, платформаи муфид барои табодули таҷрибаи пешқадам дар самти танзими фаъолияти гумрукӣ мебошад. Он барои таҳкими муносибатҳои мақомоти гумрук бо доираҳои тиҷоратӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.

Дар Форуми байналмилалии гумрукӣ – 2024 масъалаҳои мубрами фаъолияти гумруки байналмилалӣ, тамоюлҳои калидӣ дар соҳаи фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва тағйирот дар тиҷорати байналмилалӣ баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин масъалаҳои рақамикунонии савдои хориҷӣ, ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар равандҳои расмиёти гумрукӣ, рушди тиҷорати электронӣ, тағйироти долонҳои логистикӣ ва дигар масъалаҳои муҳим дар самти фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram