РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Китобхонаи миллӣ таҳти унвони «Донишҳои ҳуқуқӣ ва амалияи ҳуқуқӣ — асоси маърифати ҳуқуқии китобдорон” мизи мудаввар баргузор гардид

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” ба муносибати эълон гардидани соли 2024 соли “Маърифати ҳуқуқӣ” таҳти унвони «Донишҳои ҳуқуқӣ ва амалияи ҳуқуқӣ — асоси маърифати ҳуқуқии китобдорон” мизи мудаввар баргузор гардид.

Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии муовини якуми директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Салима оғоз гардида, дар ҷамъомад ҳуқуқшиносон, мутахассисони соҳа, кормандони китобхона ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Сипас, мутахассисони соҳа доир ба паҳлуҳои гуногуни «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баёни андеша намуданд. Аз ҷумла дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналхалқии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сайфуллоев Салимҷон Рустамович дар мавзуи “Аҳаммияти маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун , заминаи давлати ҳуқуқбунёд”, мудири бахши иттилооти ҳуқуқии Китобхонаи миллӣ Қурбонов Шаҳром дар мавзуи “Эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва таҳкиму такмили қонунгузории кишвар дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон”, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафсдраи ҳуқуқи байналмилалии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони Абдухолиқзода Акмал Маҳмадӣ дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ — асоси рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ”, Абдулазизи Асадулло асистенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ — асоси муқовимат бо зуҳуроти номатлуби замони муосир” Аҳмадзода Муҳаммадалӣ Саидхуҷа асистенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ — дар фаъолияти оперативии ҷустуҷӯӣ”, Солеҳи Раззоқ ассистенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар заминаи Конститутсия” суханронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки эълон гардидани соли 2024 ҳамчун соли маърифати ҳуқуқӣ заминаи мусоиди баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони касбу кори гуногунро дар ҷомеа фароҳам оварда, дар таҳкими худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон нақши созгор дорад.

Дар охир миёни мутахассисони соҳа ва кормандони Китобхонаи миллӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии китобдорон музокираҳо сурат гирифт.

Ҳабибулло УРУНБОЕВ,

Радиои «Фарҳанг»

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram