РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» оғоз гардид

Дар шаҳри Душанбе Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» оғоз гардид. Озмун таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ, шиносоӣ бо асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ, таъмини назму тартибот ва волоияти қонун, густариши тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва камолоти фарҳангии насли наврасу ҷавон бори нахуст баргузор карда мешавад. Дар ин хусус аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Таъкид гардид, ки озмун ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 байни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди пойтахт баргузор карда мешавад.

Тибқи муқаррароти Низомномаи озмун, санҷиши саводнокии конститутсионии довталабон ба тариқи шифоҳӣ низ дар назар гирифта шудааст.

Ғолибоне, ки ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст меоранд, дар арафаи таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram