Корхонаи воҳиди давлатии «Ангишт» ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъмини дастрасии сокинон бо маводи сӯхти нисбатан арзон намоиш-фурӯши ангишт ташкил менамоянд, хабар доданд аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Намоиш-фурӯши ангишт аз 31 октябр то 2 ноябр дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Ашт ташкил мегардад. Сокинон метавонанд аз ин ангишт харида, барои зимистон захира намоянд.
Дар намоиш конҳои истеҳсоли ангишт ин маводро бо нархи нисбат ба бозор арзонтар пешниҳоди сокинон менамоянд.