Таҳти унвони “Тоҷикон ва марзбандии соли 1924 (ҷанбаҳои амалии мавзуъ)” китоби нави номзади илмҳои таърих Давлат Назрӣ (Давлаталӣ Назризода) чоп шуд.
Муҳаррири китоб Нуриддин Парвин Раймалихон буда, дар нашриёти “ЭР-граф” ба табъ расидааст.
Дар китоби номзади илмҳои таърих Давлат Назрӣ (Давлаталӣ Назризода) нақши Ленин, Сталин ва дигар шахсиятҳои сиёсӣ дар марзбандии Осиёи Марказӣ дар солҳои 20-уми асри ХХ, назарияи ленинӣ оид ба худмуайянкунии миллатҳо, супориши Ленин дар бораи Ӯзбекия, Қирғизия ва Туркмения, шӯравишавии Хоразм ва Бухоро, пешниҳоди Ф. Хоҷаев оид ба таъсис додани вилояти мухтори тоҷикон, нақши Бюрои Осиёимиёнагии КМ РКП(б) ба тақсимбандӣ, пешниҳоди И. Бройдо оид ба таъсис додани Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон, кори комиссияҳо оид ба тақсимбандии миллию ҳудудӣ, накши намояндагони халқи тоҷик дар тақсимбандии миллию ҳудудӣ ва муайян кардани сарзамини худ ба таври дақиқ инъикос ёфтаанд.
Ҳамчунин қарорҳои ниҳоии Тошканду Бухоро оид ба тақсимбандии миллию давлатии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ (Туркистон, Бухоро, Хоразм), пешниҳоди Куйбишев дар бораи таъсис додани Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон, ба пуррагӣ ба Тоҷикистон ҳамроҳ кардани Помир, муаммои «Лоиҳаи Чичерин», вазъи Тоҷикистону тоҷикон дар ҳайати Ӯзбекистон, ҳамзамон ҳамроҳ кардани округи Хуҷанд ва ҷумҳурии иттифоқӣ шудани Тоҷикистон, инчунин ҳамроҳ нашудани Сурхондарё ба Тоҷикистон ва Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ва таҳдиди аз даст додани якпорчагии ҷумҳурӣ маълумот дода шудааст.
Китоб барои доираи васеи хонандагон тавсия мешавад.