РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

«КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ». Дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир гардид

Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – бахтномаи миллат» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму тақдирсози миллат аст, ки бо ташаббуси дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи душвори сиёсӣ таҳия ва қабул гардид.

«Қабули ин санади тақдирсоз бо тарзу усул ва мазмуну моҳияти ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир дар баробари дигар хизматҳои бузурги Пешвои миллат дар ташаккули давлати навини тоҷикон ва фароҳам овардани асосҳои ҳуқуқии он инчунин барои рушди устувори минбаъдаи тамоми соҳаҳо заминаи воқеӣ гардид»,-изҳор дошт Маҳмадтоир Зокирзода.

Қабули Конститутсия ба давраи басе душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият рост омада, имрӯз Тоҷикистонро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.

Таъкид гардид, ки Конститутсия баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон намуда, кафолати ҳуқуқу озодиҳоро ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва моликият ба дӯши давлат вогузор намудааст. Ин дар маҷмуъ барои бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ, ки дар он халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, шароити мусоид фароҳам меорад.

Арзишҳои волои Конститутсия ба сиёсати инсондӯстонаю инсонпарваронаи мо ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тавъаманд. Нишони ин озодии баён, озодии матбуот, озодии виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст.

Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки риояи Конститутсия, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва истиқлолияти мамлакат, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шарти муҳими пешрафти давлат мебошанд. Бинобар ин, мо бояд ба Конститутсия ҳамчун санади муқаддас ва барномаи асосии фаъолияти давлат ва зиндагии ҷомеа муносибат намоем.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram