РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён корхонаи истеҳсоли мототсиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногуни ҶДММ «Вахш Саноат»-ро ба истифода доданд

7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Кӯшониён ташриф оварданд.

Нахуст Сарвари давлат бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ корхонаи истеҳсоли мотосиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногуни «Вахш Саноат»-ро ба истифода доданд.

Корхонаи мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бунёд шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ дар масоҳати 15 ҳазору 325 метри мураббаъ бунёд шудааст.

Корхонаи истеҳсолӣ аз сехи истеҳсоли қисмҳои оҳанини воситаҳои нақлиёт, қитъаи башаклдарории маҳсулоти фулузӣ, қитъаи кафшергарию сайқалдиҳии фулузот, сехи рангубордиҳии қисмҳои оҳанин, қитъаи рангдиҳию хушккунии ҷузъҳои калонҳаҷм ва хурдҳаҷми филизӣ, инчунин сехи васлу насби ниҳоии воситаи нақлиёт иборат мебошад.

Дар ин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти истеҳсолшаванда муаррифӣ гардид.

Дар корхона истеҳсоли зиёда аз 30 намуди чунин воситаи нақлиёт, аз ҷумла 5 намуд мотосикл, 6 навъ мотороллер, 15 хел скутерҳои дучарха ва 5 гуна сечарха ба роҳ монда шудааст.

Иқтидори истеҳсолии корхона вобаста ба талаботи бозори дохилӣ дар як моҳ то 800 воситаи нақлиёт ва дар як сол 9 ҳазору 800 ададро ташкил медиҳад.

Технологияи муосири насбгардида имкон медиҳад, ки воситаҳои нақлиёт босифат истеҳсол гардида, барои содирот низ мутобиқ аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди саноати мошинсозӣ дар ноҳия ва дар маҷмуъ бо тавлиди маҳсулоти ивазкунандаи воридот тақвият бахшидани иқтидорҳои истеҳсолӣ, инчунин боз ҳам зиёд намудани корхонаҳои нави саноатӣ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram