Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол барои анҷом додани ду бозии дӯстона бо ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба Дубай сафар намуд. Дар ин хусус аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин ҷамъомад 24 бозингар иштирок менамояд. Чаҳор бозингар – Содиқҷон Қурбонов, Амадонӣ Камолов, Азизбек Ҳайитов ва Далер Шарифов, ки метавонанд дар ҳайати дастаи мунтахаби олимпии мамлакат дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 (U-23) иштирок кунанд, дар ихтиёри тими миллии Тоҷикистон мебошанд.
Бозии санҷишии якуми дастаҳои олимпии Амороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон 15 ноябр баргузор мешавад. Баъди се рӯз- 18 ноябр дастаҳо дар Дубай бозии дӯстонаи дуюмро доир мекунанд.