РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Боку иштирок доранд

12 ноябр Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Боку ба кори худ шуруъ намуд. Дар конфронси мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарони 80 давлат, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарони ҳукуматҳо ва ҳайатҳои даҳҳо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок доранд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар иштирокдоронро дар макони баргузории ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш истиқбол гирифтанд.

Президенти кишвари  мо ба ҳайси роҳбари давлати пешсаф дар пешбурди масоили ҷаҳонии обу иқлим дар ифтитоҳи ҳамоиши сатҳи сарони давлатҳо яке аз аввалинҳо шуда, суханронӣ менамоянд ва ҳам дар чанд чорабиниҳои дигари каноравӣ иштирок ва ибрози андеша хоҳанд намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram