РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт оғоз гардиданд

Шуруъ аз 11 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт оғоз гардиданд, ки то 14 ноябр идома меёбанд. Дар ин хусус аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт дар асоси дастуру супоришҳои    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  сафари расмӣ  ба Давлати Кувайт рӯзҳои  3 — 5 ноябр барои боз ҳам тақвият додани муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак ва алалхусус ҳамкории фарҳангӣ  баргузор мешаванд.

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ва дар ҳамкорӣ бо Шурои миллии фарҳанг, санъат ва адабиёти Кувайт баргузор мегарданд.

Иттилоъ дода шуд, ки 11 ноябр дар Маҷмааи фарҳангии Шайх Ҷобир ас-Сабоҳ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аксу мусаввараҳо ва дастовардҳои мероси таърихӣ доир гардид. Инчунин барномаи фарҳангӣ иборат аз рақсу мусиқӣ ва навоҳои миллӣ пешниҳод шуд.

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт имрӯз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Вазири иттилоот, фарҳанг ва вазири давлатӣ оид ба ҷавонони Давлати Кувайт Абдураҳмон ал-Мутайрӣ ва инчунин бо Дабири кулли Шурои миллии фарҳанг, санъат ва адабиёти Давлати Кувайт Муҳаммад ал-Ҷассор вохӯрӣ намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо густариши робитаҳои фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт, баргузории чорабиниҳои муштарак ва табодули сафарҳои ҳайатҳои ҳунариро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин 14 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт барномаи фарҳангӣ доир мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram