11 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар чорабинии сатҳи баланд оид ба барқарорсозии муассир ва ҳамгироии бозгаштагон аз минтақаҳои ҷангзада иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сафорат.
Шараф Шерализода дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ доир ба талошҳо, таҷриба ва иқдоми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарорсозӣ ва ҳамгироии бозгаштагон аз минтақаҳои ҷангзада сухан гуфт.
Дар ҷаласа муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди терроризм, намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишварҳо, кормандони дипломатӣ, ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғайридавлатӣ иштирок намуданд.