РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Таҳти унвони “Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик” дар шаҳри Кӯлоб намоиш ифтитоҳ шуд

12 ноябри соли 2024 дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии шаҳри Кӯлоб бо мақсади иҷрои банди 37-и Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 декабри соли 2023 ба муносибати шомил гардидани силсилаи ҳунарҳои мардумӣ ба феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг – ЮНЕСКО ва эҳёи дигар намудҳои санъат ва касбу ҳунарҳои қадимаи миллӣ дар соли 2024 намоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик” баргузор гардид. Дар ин бора аз Бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо Искандар, директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо ва директори Осорхони таъриху кишваршиносии 2700-солагии шаҳри Кӯлоб Зарипов Қадамшо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар намоиши мазкур кормандони дастгоҳи марказии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дигар намояндагони касбу кори гуногун ширкат варзиданд.

Дар оғози суханронии худ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо Искандар меҳмононро аз номи раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр барои ташриф овардан ва ташкил намудани чунин намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Кӯлоби бостонӣ изҳори сипос намуда, роҷеъ ба таърихи омӯзиш ва рушду ташаккулёбии ҳунарҳои қадимаи миллии тоҷикон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ибрози андеша намуданд.

Сипас, меҳмонон аз намоиши муаррифии ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.

Дар намоиш зиёда аз 35 навъи ҳунарҳои қадимаи миллии халқи тоҷик аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ ва офаридаҳои ҳунармандони соҳибзавқи шаҳру ноҳияҳои Балҷувон, Муъминобод, Темурмалик, Ховалинг, Фархор, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Кӯлоби вилояти Хатлон ба монанди мисгарӣ, созтарошӣ, читгарӣ, гулдӯзӣ, кандакории рӯйи чӯб, аъҷубасозӣ, кулолгарӣ, гаҳворасозӣ, табақтарошӣ, қуроқбофӣ, зардӯзӣ, заргарӣ, сабадбофӣ, минётурнигорӣ, оҳангарӣ, шерозабофӣ, доирасозӣ, муҳракашӣ ва дигар анвоъи ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Дар интиҳои намоиши ҳунарҳои мардумӣ иштирокчиён бо Сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотирмон аз ҷониби кумитаи тадорукот дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram