Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш доир гардид.
Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Абдураҳим Холиқзода ва кормандони сохторҳои Кумита ширкат варзиданд.
Гуфта шуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон эътироф шудани ин сана ба он вобаста аст, ки аввалин бор дар Тоҷикистон ба тарзи овоздиҳии умумӣ ва мустақим муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон итихоб гардида, 16 ноябри соли 1994 бори нахуст дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд намуданд.
Гузашта аз ин дар ҳамин рӯзи таърихӣ — 16 ноябри соли 1992 дар раванди Иҷлосияи таърихию сарнавиштсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлати навистиқлоли Тоҷикистон – Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Воқеият собит намуд, ки гузаштан ба шакли идоракунии президентӣ ҳамчун намунаи возеҳи шакли идоракунии самаранок сабаби наҷоти давлат ва миллати тоҷик, инчунин омили инкишофи тамоми соҳаҳои зарурии ҳаётӣ гардид.