15 ноябри 2024 вазири корҳои хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Ҷумҳурии Италия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агостино Пиннаро бинобар ба итмом расидани ваколаташ ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ тарафҳо қаноатмандии худро роҷеъ ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Италия тайи чанд соли охир изҳор намуда, умедвории худро аз рушд ва таҳкими ин муносибатҳо баён намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот вазири корҳои хориҷӣ ба Агостино Пинна дар фаъолиятҳои ояндаи касбиаш муваффақиятҳоро таманно кард.