ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди
байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ
Мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:
1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ ҳамроҳ шавад.
2. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори миллӣ дар соҳаи ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ намояндагӣ намояд.
3. Маблағи аъзоҳақии солона ба Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда шавад.
4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида маҳфуздорандаро оид ба ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди байналмилалии мазкур огоҳ созад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
16 ноябри соли 2024
№879