РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Маркази ташхису табобатии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Маркази ташхису табобатӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талабот ва ҳифзи саломатии аҳолӣ дар шаҳри Бӯстон аз ҷониби ҶДММ “Шифои Замон” бунёд шудааст. Марказ бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, хизматрасониҳои тиббиро дар сатҳи баланд пешниҳод менамояд.

Зимни шиносоӣ бо иншооти нав иттилоъ дода шуд, ки бинои Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” аз 4 ошёна ва зерошёна иборат буда, масоҳати умумии он дар ягҷоягӣ бо саҳни ҳавлӣ 1 ҳазору 445 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншоот бо риояи талабот ва меъёрҳои сохтмонӣ бо маблағи наздики 4,5 миллион сомонӣ бунёд шудааст.

Дар марказ шуъбаҳои амрози асаб, дилшиносӣ, ғадудшиносӣ ва урологӣ мављуд буда, дар он табибони баландихтисос ва дорои сертификатҳои байналмилалӣ, ҳамшираҳо ва кормандони миёнаи тиббӣ, дар маҷмӯъ 50 нафар ба кор ҷалб карда мешаванд.

Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” дорои ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ, ултрасадоӣ, сабти барқии майнаи сар, инчунин ҳуҷраҳои табобати зарбаи мавҷӣ, томографияи компютерӣ, даруннигорӣ, толори обутоби бадан ва дорухонаи муосир мебошад.

Кормандони маркази навбунёд бо истифода аз таҷҳизоти муосири соҳавӣ ташхисҳои рентгени рақамӣ, таҳлили лабораторӣ ва лазерӣ-косметологӣ гузаронида, табобати беморонро бо муми кӯҳӣ, усулҳои барқӣ ва маҳси вакумӣ ба роҳ мемонанд.

Маркази ташхисию табобатӣ дар як вақт метавонад ба 90 нафар хизмати хубу босифати тиббӣ расонад.

Дар доираи барномаи рақамикунонии соҳаи тандурустӣ дар марказ системаи ягонаи маълумотҳо амал мекунад, ки он барои қабулу сабти номи беморон ва хизматрасонии хубу босифати тиббӣ ба сокинон хизмат мекунад. Лозим ба зикр аст, ки рақамикунонии соҳаи тандурустӣ барои таъмин ва дастгирии пурарзиши иттилоотии идоракунии соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мониторинги вазъи саломатии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ равона шудааст. Он маълумоти дақиқ, саривақтӣ ва ба таври кофӣ тақсимшударо дастрас ва барои истифодабарандагон мувофиқ таъмин мекунад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муҳайёгардида дар Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” шинос шуда, ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд доданд. Бунёди чунин иншооти замонавӣ яке аз омилҳои асосии рушди соҳаи тандурустӣ буда, дар маҷмуъ ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва беҳтар шудани ҳифзи саломатии сокинон мусоидат мекунад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram