РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд

18 ноябр дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Саидхоҷа Зикриёхуҷаев бунёд шуда, барои муҷаҳҳазсозии он зиёда аз 20 миллион сомонӣ сарф шудааст. Корхона дар доираи татбиқи ҳадафҳои рушди саноат фаъол шуда, ҷузъе аз нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи саноатӣ аз соли 2009 ба фаъолият оғоз карда буд ва ба хотири ба талаботи бозор маҳсулот истеҳсол намудан ва содирот кардани он ба хориҷ тасмими навсозии корхона рӯи даст гирифта шуд.

Таҷдиди корхона ва хатҳои технологии он соли 2023 роҳандозӣ шуд ва дастгоҳу таҷҳизот аз Италия ворид гардид. Дар корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтиленӣ 25 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъол кардани ин корхона ва мусоидат намудан дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар иқдоми соҳибкорро шоёни таҳсин хонда, бо назардошти ивазкунандаи воридот будани маҳсулот, бобати афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот, таъминоти эҳтиёҷоти дохилӣ ва мавқеъ пайдо кардан дар бозори дохиливу хориҷӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Таъкид бояд намуд, ки бо фароҳам гардидани фазои муносиби сармоягузорӣ дар кишвар чунин корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд карда мешаванд ва ин тадбир дар баробари таъмини сокинон бо ҷойи корӣ ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидати созгор мекунад. Иқтидори корхона истеҳсоли бештар аз 2 ҳазор тонна парда ва дигар маводи полиэтиленӣ дар як сол мебошад. Асосан ашёи хом барои истеҳсоли пардаҳои полиэтиленӣ – ғурушаҳо аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад.

Ин навъи маҳсулот барои эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзӣ ва басту банди масолеҳи саноатӣ пешбинӣ гардидааст.

Хатти технологӣ аз насли нави дастгоҳҳои соҳавӣ буда, тибқи стандартҳои Аврупо маҳсулот истеҳсол мекунад ва дар минтақа яке аз аввалинҳо мебошад. Бартарияти маҳсулоти корхона низ дар он аст, ки пардаҳои полиэтиленӣ тавассути технологияи навтарини кишварҳои пешрафта истеҳсол карда мешавад. Иқдоми шоистаи соҳибкор дар амалӣ шудани ҳадафи Ҳукумати кишвар дар самти рушди босуръати саноат муҳим маънидод гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корхонаи пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» бо намунаи тавлидоти корхона шинос шуда, кори соҳибкорро ибратбахш номиданд ва ба ӯ барои тақвияти фаъолият ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар оянда дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram