РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Маркази фарҳангии мероси исломии «Ярмук»-и Кувайт Шоми мусиқии классикии тоҷикӣ баргузор гардид

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт 14 ноябр, бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ва дар ҳамкорӣ бо Шӯрои миллии фарҳанг, санъат ва адабиёти Кувайт дар Маркази фарҳангии мероси исломии «Ярмук» Шоми мусиқии классикии тоҷикӣ дар иҷрои ҳунармандону мутрибони «Ансамбли созҳои миллии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар барномаи Шоми мусиқии классикӣ ҳунармандони тоҷик беҳтарин намунаи оҳангу сурудҳои асилро аз рӯи жанрҳои «Шашмақом» ва «Фалак» ки ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидааст иҷро намуданд.

Шоми мусиқии классикии тоҷик бо ҳузури васеъи намояндагони вазорату идораҳои Давлати Кувайт, сарони намояндагиҳои дипломатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҳаводорони созу навои классикӣ доир гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram