РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки бар асари ҳамлаи золимонаи террористӣ ба корвони мошинҳо дар минтақаи шимолу ғарби ин кишвар рух додааст, ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам  Осиф Алӣ Зардорӣ ва муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд. Дар он, аз ҷумла, омадааст: 

«Мо ин амалкарди ваҳшиёнаи нерӯҳои ҷиноятпешаро қотеона маҳкум карда, ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо, пайвандону наздикони қурбониёни ин амали террористӣ ва тамоми мардуми дӯсти Покистон изҳор менамоем. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳем».

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram