Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷогӣ бо шарикони рушд бо мақсади таъмини оммавияти варзиш, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна хатарҳои муосир ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим мусобиқаи дав барои саломатиро баргузор намуд. Дар ин хусус аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Иброз шуд, ки варзиш дар ҳаёти инсон ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа дошта, машғулияти варзишӣ ва обутоби бадан ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад.
Мақсад аз ташкили марафон аз тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш дар байни табақаҳои васеи ҷомеа, ки омили муҳими солимгардонӣ ба ҳисоб меравад, иборат буд. Он васила барои пешгирӣ ва коҳиш додани бемориҳои сироятӣ дар байни ҷавонон низ мебошад.
Ҳадафи асосии дави миллӣ ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани робитаи дӯстию бародарӣ, таҳкими пояҳои ваҳдату истиқлолият ва якпорчагию якмаромии миллат мебошад.
Гуфта шуд, ки давидан аз ҷиҳати тиббӣ барои саломатӣ ва дуруст инкишоф ёфтани инсон нақши бузург дорад. Шахсоне, ки мунтазам ба ин намуди варзиш машғул мешаванд, чусту чолок ва ҷасуру моҳир мегарданд.
Марафон дар масофаҳои гуногун байни мардон ва занон дар мавзеи Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангии фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ»-и пойтахт доир гардида, баъд аз тай намудани масофаҳои муқарраргардида ғолибону ҷоизадорон аз ҷониби ташкилкунандагон бо медал ва туҳфаҳои пулию молӣ қадрдонӣ гардиданд.