Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Асунсиони Ҷумҳурии Парагвай дар иҷлосияи 19-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО иштирок доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар он ҳамчунин намояндагони давлатҳои аъзои Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ иштирок доранд.
Дар ифтитоҳи иҷлосия Президенти Ҷумҳурии Парагвай Сантяго Пеня ва Мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азуле суханронӣ намуданд.
Дар доираи иҷлосия Ҷумҳурии Тоҷикистон номинатсияҳои муштараки «Ҷашни Меҳргон» ва «Санъати сохту навохтани рубоб»-ро барои воридан кардан ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият пешниҳод кард.
Ёдовар мешавем, ки иҷлосияи 19-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО 2 декабр оғоз шуда, то 7 декабр идома меёбад.