1 декабри соли 2024 дар шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо узви Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ, вазири корҳои хориҷии Чин Ван И баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар, раванди татбиқи тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилшуда ва ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.