РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Ҳиндустон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Соли 2025 дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд. Ин масъала 3 декабр зимни вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уике баррасӣ гардид. Дар ин хусус аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иброз гардид, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар давлатҳоии ҳамдигар ба шинохт ва муаррифии  санъати нотакрор ва фарҳанги қадимии ҳарду давлат нигаронида шудааст.

Ҳамчунин ҷонибҳо вобаста ба масъалаи густариш додани ҳамкории мутақобили судманди фарҳангӣ ибрози назар намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон сол ба сол таҳким меёбанд. Ин ду давлати дӯст муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии чандинасра дошта, барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангу маориф ва махсусан соҳаи туризм барнома ва пешниҳодҳои мушаххас амалӣ намуда истодаанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram