4 декабри соли 2024 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷаласа муовини раиси Шӯро — Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад, аъзоёни Шуро — намояндагони раёсатҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, инчунин аъзои котиботи Шӯро ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Ҷаласаро раиси Шӯро — муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо оғоз намуда, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бандҳои қарори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор ва роҳҳои таъмини иҷрои “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва “Нақшаи чорабиниҳои
амалисозии он барои солҳои 2021-2025”, суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа ҳисоботи муовини Вазири фарҳанг дар хусуси таъмини иҷрои талаботи “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, шунида шуд.
Зеваршоҳи УКТАМШОҲ
Радиои «Фарҳанг»