РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот кард

3 декабри соли 2024 дар ҳошияи ҷаласаи 28-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Машҳад мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асад М. Хон баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба натиҷаҳои ҷаласаи мазкур, инчунин роҳҳои густариши минбаъдаи робитаҳои гуногунҷанба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбутаи ин Созмон ибрози назар намуданд.

Таъкид гардид, ки дар соли 2024 Тоҷикистон мизбони се нишасти сатҳи баланд дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ буд, ки онҳо дар ҳамгироии минтақавӣ нақши муҳим доштанд.

Дар ин росто, омодагии Тоҷикистон барои мусоидат ба фаъолиятҳои минбаъдаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ зикр гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram