(Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон )
Дар шароити таҳдидҳои берунӣ, бахусус, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо ташаббус ва пайгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил меёбад ва дар вазорати адлияи ҷумҳурӣ 15 декабри соли 1994 таҳти №199 сабти ном шудааст.
Дар банди 1 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оварда шудааст, ки: “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ буда, барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин иқтисодиёти устувор, ки баҳри беҳбудии ҷомеа нигаронида шудааст, фаъолият менамояд”. Яъне, маҳз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ростои татбиқи идеологияи миллӣ-демократикунонии ҷомеа, ки аз қарорҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, пешноҳанг ба ҳисоб рафта, тадбирҳои муваффақи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию ҳуқуқиро амалӣ намудааст.
Чуноне Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Анҷумани 9-уми ҳизб иброз менамоянд: “Ҳизби мо дар замоне, ки хатари пароканда шудани миллат ва ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистони тозаистиқлол ба воқеияти рӯз табдил ёфта буда, дар назди миллат ва Ватан, дар назди наслҳои имрӯзу оянда масъулияти бузурги таърихиро ба дӯши худ гирифт”. Воқеан, хизмати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо дар ташаккулдиҳи давлати муосири тоҷикон, балки дар бартарафсозии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ба даст овардани ризоияти миллӣ хеле созгор аст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад. ҲХДТ барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд.
Вазифаи ҲХДТ имрӯз бо 6577 ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва 517 ҳазору 388 нафар аъзои худ дар иртибот ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра ва минтақа афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа аз он иборат аст, ки баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ, суботу амнияти миллӣ, ваҳдати миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша талош намояд.
Мавриди ёдоварист, ки 8 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар кори маҷлис аъзои Раёсат ва Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, роҳбарони якчанд сохтору идораҳои дахлдор, кормандони масъули Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб, роҳбарони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҳизбӣ ва аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар маҷлис мутобиқи рӯзномаи он вазифаҳои ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гардонидани ташаббусҳои Пешвои миллат баҳри густариши эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни суханронӣ Раиси муаззами ҳизб таъкид намуданд, ки ҳалли вазифаҳои таъмини истиқлоли комили давлат, таҳкиму тавсеа бахшидани он имрӯз аз бисёр ҷиҳат ба эҳсоси ватандӯстии умумимиллӣ ва муттаҳидии тамоми қувваҳои ҷамъият вобаста аст.
Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки дар ҷамоъомади муҳимми ҳизбӣ ин масъалаҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем, зеро таҳлилу натиҷагирӣ аз корҳои иҷрогардида ва дарёфти самтҳои мушаххаси фаъолияти минбаъда имкон медиҳад, ки кори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бахусус дар шароити имрӯзаи мамлакат, минтақа ва ҷаҳон ба таври устувор ба роҳ монда шавад, иброз доштанд Сарвари давлат.
Таъкид гардид, ки давоми чанд соли охир хусусияти низоъҳои сиёсӣ комилан тағйир ёфта, дар тамоми ҷаҳон ангезаи силсилаи таҳдидҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, техногенӣ ва табиӣ авҷ гирифт.
Мушкилоти глобалии афзоишёбии захираҳои аслиҳаи қатли ом, терроризми байналмилалӣ, низоъ ва хушунатҳои ба таври сунъӣ ташкилшуда, афзоиши нодорӣ ва бекорӣ дар кишварҳои рӯ ба рушд, вайроншавии муҳити зист ва танқисӣ аз оби ошомиданӣ, ҳаракати теъдоди зиёди паноҳандагон, истеҳсол ва интиқоли маводи мухаддир ба таҳдиди фарогири ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Пешвои миллат изҳор доштанд, ки бинобар ин, моро зарур аст, то ба ҳамаи ин рӯйдоду воқеаҳо баҳои муносиб ва воқеъбинонаи сиёсӣ диҳем ва дар ин ҳолат аз манфиатҳои миллию давлатии худ ҳимоя намоем.
Раиси муаззами ҳизб иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии сокинони Тоҷикистон нақши муассир дошта, дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум саҳми сазовор мегузорад.
Имрӯз бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба неруи тавонои сиёсӣ табдил ёфтааст. Дар сафҳои он беш аз 540 ҳазор нафар аъзо дар 7 ҳазор ташкилоти ҳизбӣ муттаҳид гардидаанд.
Мардуми шарафманди мамлакат ба ғояҳои созандаи ҳизб эътимоди қавӣ доранд, зеро он дар сафи пеши созандагию бунёдкорӣ ва ташаббускориҳо қарор дорад, ки ба ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст.
Ба таъкиди Раиси муаззами ҳизб, вазифаҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди ҷомеа ва давлат дар барномаҳои пешазинтихоботии он ва қарорҳои анҷуманҳо, ки самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро то соли 2027 дар бар мегиранд, мушаххас гардидаанд.
Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид гардид, ки Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва тамоми сохторҳои ҳизбӣ фаъолиятро дар самтҳои густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус наврасону ҷавонон вусъат бахшанд. Гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои миллӣ, санаҳои таърихӣ ва бузургдошти чеҳраҳои барҷастаи халқамонро ба фаъолияти доимии ташкилоти ҳизбӣ табдил дода, арҷгузориву эҳтиром ба забони давлатӣ, риояи тозагӣ ва мусоидат ба рушди он, тарғиби донистани забонҳои дигар, махсусан забонҳои русӣ ва англисиро ҷоннок намоянд.
Дар идомаи маҷлис аз ҷониби Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ барои давраи сипаришуда ва вазифаҳо барои оянда мушаххас гардиданд.
Ба кумитаҳои иҷроияи ҳизб дастур дода шуд, ки вобаста ба масъалаҳои баррасишуда фаъолияти худро бо истифодаи васеъ аз усулҳои иттилоотонӣ ва пешгирикунанда дар муқовимат бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз таъсири омилҳои номатлуб вусъат дода, масъалаҳои марбут ба ҷавононро дар доираи фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан” пайваста таҳкиму тавсеа бахшанд.
Ҳамзамон ҳамаи ташкилоти ҳизбӣ вазифадор гардиданд, ки корҳои таблиғотиву ташвиқотиро дар самти амалигардонии ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вусъат бахшида, дар татбиқи қонунҳои миллӣ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳравандон” тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рақобатпазир намудани васоити ахбори оммаи ватанӣ дар шароити ҷомеаи иттилоотиро як ҷузъи барномаи худ барои солҳои 2020-2025 медонад.
ҲХДТ дар ин самт иҷрои корҳои зеринро зарур мешуморад:
• таъмин кардани шаҳрвандон ҷиҳати дастрасӣ ба иттилооти воқеӣ (объективӣ) ва гуногунҷанба ба василаи ВАО ва иштироки фаъолонаи он дар инъикоси самтҳои гуногуни идоракунии давлат ва ҳаёти ҷамъиятӣ. Ба ин далел, ки ВАО барои муколама миёни гурӯҳҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоӣ, ниҳодҳо, ҳокимият ва халқ, давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим ва муассир дорад.
• рушд ва таҷҳизонидани ниҳодҳои марбута бо технологияҳои муосири иттилоотӣ бо дарназардошти шиддат ёфтани ҷанги иттилоотӣ дар замони муосир, ба ҳайси аслиҳаи пуриқтидор истифода шудани иттилоот аз ҷониби кишварҳои абарқудрат, ки метавонанд ҳама гуна сарҳадотро убур кунанд;
• роҳандозӣ намудани паҳн ва интишор додани иттилоот тавассути технологияҳои нави иттилоотиву иртиботӣ (комуникатсионӣ);
• зиёд намудани маблағгузории давлатӣ дар самти ҳифзи фазои иттилоотии кишвар, хусусан, шабакаи ҷаҳонии интернет;
• ворид кардани таҷҳизоти муосир барои беҳтар кардани сатҳу сифати кор дар марказҳои иттилоотӣ, идораҳои нашрияҳо, аз ҷумла матбуот, радио ва телевизион;
• омода намудани мутахассисони касбии соҳа ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар.
ҲХДТ дар марҳалаи солҳои 2020-2025 рақобатпазир намудани абзорҳои ватании ВАО дар шароити ҷомеаи иттилоотиро ниҳоят муҳим шуморида, дар навбати худ масъалаи имиҷсозии кишварро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон аз масъалаҳои калидии ҳадафҳои барномавии хеш медонад.
Имсол аз таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ гардид ва ба хотири таҷлили ин санаи таърихӣ Ситоди ҷумҳуриявии “Ҷашни 30–солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” таъсис шуд.
Дар асоси қарори Раёсат Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 25-уми майи соли ҷорӣ ба тавсиб расидааст, Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ муваззаф гардиданд, ки барои ба таври шоиста ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ин санаи таърихӣ бо омодагии ҳамаҷониба дар асоси дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти ҳизб фаъолияти худро ҷиҳати татбиқи самараноки барномаҳои қабулгардида ва амалӣ намудани ғояҳои созандаи ҳизб дар ҷомеа равона созанд. Ҳамзамон, фаъолияти таблиғотию ташвиқотии худро дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вобаста ба дастовардҳои мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ вусъат бахшида, баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии ҲХДТ тадбирҳои судманд андешида, дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бо иштироки аъзои фаъол ва ҷонибдорони ҳизб маҷмуи чорабиниҳоро дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор намоянд.
Дар ин радиф Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Садо ва Симо»-и Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои назаррасро анҷом додааст.
Мавриди ёдоварӣ аст, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Садо ва Симо»-и Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26-уми июни соли 2021 бо қарори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳти №3, ва Конференсияи якҷояи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Садо», «Симо», «Баҳористон», «Илм ва табиат», дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Садо ва Симо»-и Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои ҳизбӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ нақша барои фаъолияти нимсолаи Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Садо ва Симо», нақшаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи хонишҳои сиёсиро таҳия ва тасдиқ намуда, талаботи онро марҳила ба марҳила дар амал татбиқ менамоянд. Кумита ҳамчунин дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намудааст.
Дар ин радиф, шабакаҳои телевизион ва радиои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тарғиби ғояҳои созандаи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, дастовардҳои бунёдкоронаи он дар давоми 30 сол хабару гузориш ва барномаҳои алоҳида таҳияву пахш карда истодаанд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сифати нерӯи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад. Натиҷаи ҳамин аст, ки намояндагони аксари қишрҳои ҷомеа ифодаи манфиатҳояшонро дар барномаи ин ҳизб мебинанд ва онро ҷонибдорӣ мекунанд.
Фирӯз КАРИМЗОДА,
Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Садо ва Симо»