10 декабр дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таҳти унвони «Тақвияти шабакаҳои волонтёрӣ барои навоварӣ, рушди малакаҳо ва ҳамбастагии иҷтимоӣ» Форуми байналмилалии волонтёрӣ оғоз гардид. Дар ин хусус аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Якумин ҷаласаи пленарии он бо иштироки роҳбарияти Кумита, шарикони рушд, ташкилоти ҷамъиятӣ ва намояндагони ҳаракатҳои волонтёрии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ (онлайн) доир шуд.
Мақсад аз баргузории ҳамоиш гирифтани таҷрибаи пешқадам дар фаъолияти волонтёрӣ, таҳкими шабакаҳои волонтёрӣ ва рушди ташаббусҳои иҷтимоии ин соҳа мебошад.
Ҳадафи аслии Форуми байналмилалии волонтёрон таҳкими дӯстию ҳамдилӣ, рафоқату баҳамоӣ, омӯзиши таҷриба, баланд бардоштани нақши ихтиёриён дар ҷомеаи муосир ва тақвият бахшидани рушди фаъолияти волонтёрӣ мебошад.
Иштирокчиён ва меҳмонон метавонанд дар сессияҳо оид ба рушди донишу маҳорат барои дарёфти кори фосилавӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, санъати идоракунии вақт ва салоҳияти асосии асри 21, ки барои муваффақгардӣ дар ҷаҳони зудтағйирёбанда зарур мебошанд, иштирок намоянд. Форум платформаи вохӯрии ҷавонон ва коршиносон мегардад, ки дар он ҳар нафар аз мусоҳибаҳои ҷолиб то семинарҳои эҷодӣ барои худ чизе ёфта метавонад.
Дар форум мавзуъҳо оид ба таъсири фаъолияти волонтёрӣ ба ҳаёти инсон ва ҷомеа, пайдоиши касбҳои нав ва талаботи бозори меҳнат дар оянда, истифодаи технологияҳои навин, аз қабили зеҳни сунъӣ (ChatGPT, Imagen, BLOOM) баррасӣ мешаванд.
Форум бо сайру гашти маконҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ва Ҳисор ба охир расида, ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки бо таъриху фарҳанги тоҷикон аз наздик шинос шуда, аз он баҳра баранд.
Дар ҷамъбасти форум Озмуни ҷумҳуриявии «Волонтёрӣ ба ман чӣ дод?» натиҷагирӣ шуда, ғолибон бо туҳфаҳо қадршиносӣ мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки форум 12 декабр анҷом меёбад.