11-уми декабри соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бахшида ба Рӯзи байналмиллалии мубориза бо коррупсия ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳо ва дигар кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд. Дар ин бора аз вазорати мазкур хабар доданд.
Вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳи ҳамоиш иброз дошт, ки дар ҷаҳони мутамаддини имрӯза, коррупсия дар баробари терроризму экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва ғайра ба яке аз таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтаст. Тамоми давлатҳои дунё бо ин ё он восита кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пеши роҳи ин зуҳуротро гиранд. Коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат алайҳи он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан бонуфузтарини онҳо – Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст. Ҳамин буд, ки 31 октябри соли 2003 «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» қабул карда шуд, ки дар он принсипҳои асосии мубориза бо коррупсия, номгӯи чорабиниҳои муҳимми зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои аъзо пешбинӣ шудаанд. Дар навбати худ 9 декабри ҳамон сол дар шаҳри Меридаи Мексика дар конфронси сиёсии сатҳи олӣ маросими баимзорасонии ин санади муҳим баргузор гардид. Дар ин замина 9-уми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия бо ташаббуси Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттахид дар тамоми ҷахон эълон карда шуд.
Дар идома вобаста ба мавзуи мубориза бар зидди коррупсия табодули афкор сурат гирифта, таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст.
Дар ҷамъбасти ҳамойиш таъкид гардид, ки дар баробари мақомотҳои дахлдор таблиғи зиддикорупсионӣ, муборизаи кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва кормандони соҳаи маориф дар решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб ва даст назадан ба он, барои рушди кишвар шароити мусоид фароҳам меорад.