12-13 декабр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ҳунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд»-ро намоиш медиҳанд. Дар ин хусус аз Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ хабар доданд.
Намоиши «Агар ҷанг намебуд» аз рӯйи асари Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам бо коргардонии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Давлат Убайдуллозода рӯи саҳна омадааст.
Ин намоиш фарогири ҳаёти мардуми одии тоҷик дар даврони Ҷанги дуюми ҷаҳон мебошад. Дар муҳтавои намоиш коргардон кӯшиш намудааст, ки муҳаббат ва садоқати зани тоҷик, дӯстию рафоқат ва ҳолати одамони дар ақибгоҳмондаро нишон диҳад.
Намоиши «Хунхори торросӣ» аз рӯи асари драматург Азиз Несин бо коргардонии Султон Усмонов бори аввал дар Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Ин асар носозгорӣ, ноадолатию нобаробариҳои замони зиндагии нависандаро фаро гирифта, дар бораи хунхоре аз маҳаллаи Торроси Анқара қисса мекунад.