РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд

17 декабр вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён  доир гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи баргузории рӯзҳои фарҳангро баррасӣ намуданд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар мулоқот оид ба густариши робитаҳои фарҳангӣ, баргузории рӯзҳои фарҳанг ва дигар паҳлуҳои ҳамкорӣ мубодилаи афкор доир шуд.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши бештари робитаҳои фарҳангӣ, баргузории намоишҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба суҳбат намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram