РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сироҷиддин Муҳриддин дар Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲТБО иштирок кард

17 декабри соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти 7-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ширкат ва суханронӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати корщои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суханронии худ С. Муҳриддин изҳор намуд, ки МҲТБО, дар сурати андешидани тадбирҳои зарурӣ дар раванди табдилдиҳӣ ба созмони байналмилалӣ, ҷиҳати мубориза бо чолишҳои муҳити зудтағйирёбандаи байналмилалӣ муассиртар хоҳад шуд.

Вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аз кишварҳои узви МҲТБО ҷиҳати иштироки фаъол дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба мавзуи ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар Душанбе доир мегардад, даъват ба амал овард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram