Имрӯз бахшида ба «Соли маърифати экологӣ» эълон гардидани соли 2024 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию назарияӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз ДМТ хабар доданд.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани муқаддимавии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт. Зимнан гуфта шуд, ки масъалаи баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ доимо зери таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳануз дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 26 декабри соли 2018 таъкид намуда буданд: «Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ ва бо ин мақсад таҷдиди назар намудану такмил додани қонунгузории соҳа ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир наоем». Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоили вазъи экологӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бо назардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии ҷаҳон, муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист ташаббусҳои беназиреро дар арсаи байналмилалӣ дар самти обу иқлим иқдом менамоянд.
Боназардошти ин, дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2024 дар шаҳри Душанбе “Соли маърифати экологӣ” эълон гардид. Дар тақвияти иқдоми болозикр бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи амалӣ шудани ташаббуси зикршуда дар пойтахт ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи арзишҳои гуногуни экологӣ ва таъмини амнияти экологӣ ҳамвора корҳои бунёдкориву ободонӣ сурат гирифтанд.
Бояд гуфт, ки иқдоми “Соли маърифати экологӣ” эълон гардидани соли 2024 дар шаҳри Душанбе, ки аз дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, муҳим ва саривақтӣ буда, ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, аз маърифати экологӣ бархӯрдор шудани аҳолӣ, дар руҳияи маърифати экологӣ таълиму тарбия додани шаҳрвандон, хусусан, наврасону ҷавонон, дӯст доштани табиат ва дар маҷмуъ боз ҳам ободу зебо ва сарсабзу хушнамо гардидани пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе равона шудааст.
Дар идомаи чорабинӣ дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҳуқуқи нақлиёт ва истифодаи сарватҳои табии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муминзода Ориф дар мавзуи “Ҳамбастагии маърифати экологӣ бо маърифати ҳуқуқӣ”, номзади илмҳои биологӣ, дотсент, мудири кафедраи экологияи факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бутаев Маҳмадшариф оид ба мавзуи “Маърифати экологӣ – омили асосии беҳдошти муҳити зист”, номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи технологияи истеҳсолоти химиявии факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҷабов Шуҳрат дар мавзуи “Роҳҳои безараргардонӣ ва ҳалли мушкилоти экологии саноати химия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи метеорология ва климатологияи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мирзохонова Ситора доир ба мавзуи “Хусусиятҳои иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйиребии он” суханронӣ намуданд.
Зимнан гуфта шуд, ки маърифати экологӣ омили асосии рушди иқтисодӣ дар шароити ташаккулёбии “иқтисоди сабз” мебошад. Истифодаи устувори захираҳои табиӣ ва технологияҳои экологӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва тавсеаи истеҳсолоти экологӣ мусоидат мекунад. Илова бар ин, рушди маърифати экологӣ ба беҳтар шудани сифати зиндагии одамон, фароҳам овардани муҳити бароҳат ва бехатар барои зиндагӣ ва кор мусоидат мекунад. Қабул ва татбиқи принсипҳо оид ба арзишҳои маърифати экологӣ имкон медиҳад, ки аз назари қаблӣ ба табиат ҳамчун манбаи беохир ва бепоён даст кашида шавад ва онро ҳамчун сарвати арзишманд, ки муносибати эҳтиёткорона ва ҳифзи доимиро талаб мекунад, баррасӣ карда шавад.