Дар Осорхонаи миллӣ бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки намояндагиҳои корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши хайриявӣ иборат аз маҳсулоти қаннодию нонӣ, ширию гӯштӣ, меваҷот ва армуғонҳо баргузор гардид. Дар ин бора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар намоиш Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин доир ба мақсаду мароми ин чорабинӣ сухан гуфт.
Меҳмонон бо намоиши молу маҳсулоти қаннодӣ ва ҳунармандии намояндагиҳои корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
Маблағи аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти қаннодӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бадастомада дар корҳои хайриявӣ сарф карда мешавад.